Дар вилояти Ленинград дар сохтмон ҷавони 22 солаи тоҷикистонӣ ба ҳалокат расид.
Ӯ аз ошёнаи ҳафтуми бинои истиқоматӣ афтодааст, дар ин бораи сомонаи хабарии 47news.ru бо истинод ба мақомоти қудратӣ хабар медиҳад.
Ҳодисаи нохуш тахминан нисфирӯзии санаи 4 сентябр дар бинои истиқоматии 14 ошёнаи сохташудаистода рух дода, ҷасади ҷавонро дар ошёнаи дуюм дар ҳаворав ёфтаанд. Тафтишот вобаста ба ҳодисаи рӯйдода идома дорад.
Ҷавони баҳалокатрасида зодаи Исфара Ҳикматхӯҷа Собитов мебошад, дӯстонаш барои ба Тоҷикистон фиристодани тобути ҷавон маблағ ҷамъ карда истодаанд.
Давоми соли 2018 ба Тоҷикистон аз Россия 966 тобути вафтидагон фиристода шудааст, ки аксари онҳо дар пайи ҳодисаҳои нохуш ба ҳалокат расидаанд. 25 нафар бошад, гирифтори марги иҷборӣ шудаанд.