Духтари ноболиғи тоҷикро се маротиба дар Саратов таҷовуз карданд. Дар мавриди аввал тоҷики дигар ба маҳбас рафту дар ду холати дигар делои ҷиноӣ то ҳол боз нашудааст. Гумонбар шаҳрванди озаритабори Русия дар озодист.
Пас аз ин ҳодисаҳо духтар се маротиба даст ба худкушӣ задаву ҳоло дар беморхона дар ҳолати вазнини руҳӣ карор дорад. Вале раиси ҷамъияти тоҷикон, “Дӯстӣ”- и Саратов Истадхон Саломова мегӯяд ҳама гуноҳ дар худи духтар асту дар хаққи гумонбар онҳо туҳмат мезананд.
Суоли баҳсбарангез ин аст, ки “Чаро Истадхон Саломова аз духтари таҷовузшудаи тоҷик неву аз гумонбари ин ҷиноят – шаҳрванди озаритабори Русия, корманди пешинаи политсияи ин шаҳр пуштибонӣ мекунад?”
Таҷовузи аввал
Бори нахуст духтари ноболиғи тоҷикро соли 2017 ҳамватани худаш дар Саратови Россия мавриди таҷовуз қарор дода буд. Таҷовузкор барои ин амалаш 4 сол ҳукм гирифта, ба маҳбас равон карда шуд.
Ин ҳодиса ба руҳияи духтар зарбаи мудҳише зад. Расонаӣ шудани ин қазия, овардани ному насаби духтар боиси ба худкушӣ даст заданаш шуд. Бори аввал худро аз ошёнаи дуввум ҳаво дод, зинда монду танҳо ду пояш шикаст. Навбати дигар рагхои хунгарди дасташро бурид, наздиконаш сари вақт хабардор шуда, наҷот доданд. Маротибаи саввум дору хурду табибон ӯро аз чанголи марг раҳо карданд.
Таҷовузи дуюм
Мутаассифона, ба ҳамин нохушиҳои ин ноболиғ анҷом наёфт. Аз рӯйи гуфтаҳои модараш 15-уми августи соли ҷорӣ шиноси хонаводаи онҳо марди 28 солаи озаритабори Русия ӯро бо фиреб ба хонае бурда, ба номуси ӯ таҷовуз мекунад. Рузи дигар духтар бармегардад, вале ба наздиконаш аз ин ҳодиса хабар намедиҳад. Зеро гумонбари ин ҳодиса таҳдид мекунад, ки дар сурати ифшо намудани ҳодиса аҳли оилаи онҳоро аз Россия ихроҷ менамояд.
Таҷовузи сеюм ва бедаракшавӣ
Гумонбари ин қазия рӯзи 22 –уми август боз бо таҳдид духтарро аз хона бароварда, ба хонае мебараду амалҳои аломати таҷовуздоштаро такрор мекунад. Ин навбат духтарро танҳо баъди 2 шабонарӯз – 24 август раҳо менамояд.
Айнан дар ҳамин вақт модари духтар дар шуъбаи политсия бо аризаи бедарак шудани духтараш қарор дошт, духтарро рост ба шуъба меоранд. Ноболиғ дар ҳолати вазнин буд ва ба беморхона интиқол мешавад. Кормандони политсия бо баҳонае гумонбарро ба ҷое даъват намуда, дастгир карда ба, шуъба меоранд. Аммо дертар ӯро раҳо менамоянд.
Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи модари духтар тафтишоти ин қазия давом ёфта истода бошад ҳам, вале то ҳол парвандаи ҷиноӣ кушода нашудааст. Зиёда аз ин, хулосаи экспертизаи тиббиро, ки бояд таҷовузи ноболиғро исбот намояд, ба ҷабрдида пешниҳод ё бо он шинос накардаанд.
Истадхон Саломова чӣ гуфт?
Радиои “Муҳоҷир” бо раиси ҷамъияти тоҷикони «Дӯстӣ»-и шаҳри Саратови Россия Истадхон Саломова тамос гирифта, тафсилоти воқеаро пурсон шуд.
- Аз ин ҳодисаҳо хабар надорам, -мегӯяд Истадхон Саломова. –Гуноҳ дар худи духтар аст, оилаи онҳо одамони хуб нестанд ва ба гумонбар тӯҳмат мезананд.
Дар идомаи суҳбат И.Саломова шиносоии худро ба гумонбари ин ҳодиса- шаҳрванди озаритабори Россия комилан инкор намуд.
Гумонбар кист?
Аз рӯйи маълумотҳои расида гумонбар пештар корманди политсияи шаҳри Саратов будаасту ҳоло миёнрави ҳуҷҷатгузории муҳоҷирон будааст. Айни замон ин маълумотҳоро таҳқиқ намуда истодаем.
Аммо модари духтари ноболиғ мегӯяд, ки ҳанӯз бори аввал 15-уми август, вақти бедарак шудани духтараш ба Истадхон Саломова муроҷиат намуда, хоҳони кумак шудааст, вале раиси ҷамъияти тоҷикон ба ӯ ҷавоби рад додааст.
Аз суҳбати модари духтар бо Саломова
Модари духтар:
-Рӯзи 15 август вақте ман духтарамро ёфтам, бо такси ба самти Тагликовка рафта истода будам. Ба Саломова Истадхон занг зада, хоҳиш кардам, ки ба ман ягон хел кумак кунанд. Роҳ нишон диҳанд, ки чӣ кор кунам? Ман духтарамро ёфтам, ариза навишта будам, оё бо ман ягон хел мушкилот намешавад? Масалан, чаро духтарат мактаб нахонда истодааст? Барои чӣ духтарат гурехт? Бо кадом сабаб баъди ин ҳодиса шуъбаи кофтуков ва кумитаи волидон маро даъват намуда, зиқ ва ҷарима карданаш мумкин? Аз он сабаб пурсида истодаам, ки баъди таҷовузи бори аввал бо ман ҳамин хел мушкилотҳо шуда буд.
Истадхон Саломова:
-Ман ба Шумо ёрдам карда наметавонам. Агар ҳамин хел ҳолатҳо шуда бошад, албатта шуморо аз чор тараф ҷеғ зада, саволу ҷавоб мекунанд. Ман ба Шумо ягон хел кумак карда наметавонам.
Масъули муҳоҷират чӣ мегӯяд?
Дар ҳамин ҳол Иброҳим Аҳмадов, сухангӯйи Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират вобаста ба ин ҳодиса чунин гуфт:
-Қаблан аз ҷониби шаҳрванд дар робита ба ин ҳодиса ба намояндагии мо ягон муроҷиат нашудааст. Мо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин ҳодиса огоҳӣ пайдо кардем ва онро пайгирӣ хоҳем кард. То муайян шудани ҳамаи мушаххасоти ин қазия чизе гуфтан барвақт аст. Дар сурати дақиқ шудани вазъи воқеии ҳодиса, албатта ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонамон дар доираи қонун мусоидат карда мешавад.
Духтар касал нест, аммо...
Ёдовар мешавем ки, дар сурати исбот шудани таҷовузи ин ноболиғ мувофиқи моддаи 131, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Россия гумонбарро аз 8 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ интизор мебошад.
Овозаҳои гӯиё ба касалии рӯҳӣ гирифтор будани духтарашро модари ноболиғ инкор кард:
- Духтарам касалии эпилепсия (саръ) дорад ва табобат мегирад. Се маротиба ҳангоми хурӯҷи бемориаш афтида, мағзи сараш зарб хӯрдааст, вале гирифтори ягон касалии рӯҳӣ нест.
Гуфтаҳои модари духтар суолеро ба миён меоварад, ки мо посух хоҳем ҷуст: - Чаро духтари касалии эпилепсиядоштаро (саръ) ба беморхонаи касалиҳои руҳии ноҳияи Заводскойи Саратов - «Святая София» интиқол додаанд?
Ҳушдори ҳодиса
Мутаассифона дар муҳоҷират бо шаҳрвандони мо ҳолатҳои нангину азобу уқубат рух медиҳад, аммо аксарият худро ба бетарафӣ мезананд, нодида мегиранд, мадад намерасонанд ва парокандагиро авло меҳисобанд. Дар ҳоле, ки метавон гиреҳи ин гуна ҳодисаҳоро дастаҷамъона кушод, вале, афсӯс...
Мо бо хоҳиши наздикони ноболиғ ному насаби ҷабрдида ва наздикони ӯро маҳфуз нигоҳ медорем. Аммо тайёр ҳастем, дар сурати зарурат ба мақомоти салоҳиятдори Россия ва ё намояндагии Тоҷикистон дар Россия пешкаш кунем.
Қазияро пайгирӣ хоҳем кард. Бо мо бошед!