Аз мулоқоти Президентони Тоҷикистон ва Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбек Жеенбеков як моҳ сипарӣ мешавад, аммо ҳамоно масъалаи сарҳади давлатӣ байни ин ду кишвар ҳалли худро наёфтааст, баръакс ҳоло ҳам дар Исфараву Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Бодканду Лайлаки Қирғизистон бархӯрдҳо ба назар мерасад. Магар вохӯрии шахсиятҳои аввали ду кишвар натиҷае надод? Ё ҳамаи кор ба гуфти русҳо “коту под хвост” шуду ба гуфти тоҷикҳо “Обро дар ҷувоз куфтан” буд.
Аслан аз мулоқоти сарони ду давлат дар шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва Чолпонотаи Қирғизистон чизи кироиеро расонаӣ намекунанд. Натиҷаи мулоқотро хадамоти матбуотии ду ҷониб бо густариши равобити ҳамсоядории хубу давом додани анъанаҳои неки гузаштагон ва ҳамин хел суханони “протоколӣ” маҳдуд карданду халос. Ин ҳам дар ҳолест, ки масъалаи мазкур бояд ҳарчӣ тезтар ҳалли худро ёбад. Ба он хотир номуайянии сарҳад дар вазъи имрӯзаи ҷаҳон, ба хусус вазъияти Афғонистон ба фоидаи ягон тарафи ҳамсоядориҳо нест.
Дар мулоқоти худ бо фаъолони вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки байни Тоҷикистону Қирғизистон ба имрӯз ба ғайр аз гузаргоҳҳои расмӣ 164 адад гузаргоҳҳои ғайрирасмӣ вуҷуд дорад, ки боиси авҷ гирифтани кочоқ ва хатарафзоӣ дар ҷомеа шуданаш мумкин аст. Аксари ин гузаргоҳҳо дар вилояти Суғд ҷойгир мебошад, зеро хатти сарҳади номуайян боқимонда дар ин вилоят бештар мебошад.
Баъди сафари корӣ ва мулоқоти ду ҷонибҳо дар сатҳи президентон ҳанӯз ҳам зиддиятҳо дар сарҳад дида мешаванд ва айбдоркунии якдигар ба ҳукми анъана даромадааст. Масалан сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба қавл аз хадамоти матбуотии КДАМ Тоҷикистон овардааст, ки
“24 августи соли ҷорӣ даҳҳо нафар сокинони ноҳияи Лейлек дар қитъаи баҳсноки хати сарҳади давлатӣ (рӯ ба рӯи ноҳияи Б. Ғафурови Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳамаи талаботҳои протоколҳоро вайрон намуда, бе мувофиқа бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барқасдона ба сохтмони ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оғоз карданд. Тибқи созишномаҳои дуҷонибаи бадастомадаи ду давлат, то ба анҷом расонидани демаркатсия ва делимитатсияи сарҳад, ҳама намуди корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои баҳснок манъ мебошад. Аммо, бо сабабҳои номаълум, сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон талаботи протоколҳои дар боло зикршударо пайваста сарфи назар карда, амалҳои иғвогарона анҷом медиҳанд, ки метавонанд боиси сар задани низоъҳои минбаъдаи наздисарҳадӣ байни сокинони кишварҳои ҳамсоя гарданд.
Дар ҳоли ҳозир дигар шоеа нест, балки далелҳои ғайри қобили инкор гувоҳи бар он медиҳанд, ки ҷониби қирғиз ҳозир нест масъалаи мазкурро он гуна, ки дархӯри ҳамсоягони накӯ бошад, аз роҳи гуфтушунид ва тафоҳум ҳаллу фасл кунад ва талош дорад, ки ба Тоҷикистон фишор биоварад. Аммо ин роҳ ба ҳеҷ ҷое намебарад.”
Ин ҳолати рухдодаро сомонаҳои Ҷумҳурии Қирғизистон, албатта ки аз дидгоҳи худ инъикос кардаанд. Масалан сомонаи “Турмуш” меорад:
24 августа в районе села Борбордук Жаны-Жерской сельской управы Лейлекского района Кыргызстана произошел конфликт между жителями приграничных районов Кыргызстана и Таджикистана.
Около 15-20 граждан Таджикистана потребовали от жителя Жаны-Жерской сельской управы Лейлекского района Кыргызстана прекратить строительство забора на территории его дома, ссылаясь на то, что дом находится на неописанном участке госграницы. Между ними и хозяином забора произошла словесная перепалка, после чего граждане Таджикистана начали разрушать забор.
С целью предотвращения конфликта на место инцидента прибыли пограничники и сотрудники правоохранительных органов Кыргызстана. Граждане Таджикистана стали закидывать камнями военнослужащих Кыргызстана и нападать на них с целью завладения оружием.
В целях недопущения эскалации конфликта пограничный наряд Кыргызстана произвел 2 выстрела в воздух, после чего граждане Таджикистана убежали на свою территорию”.
Аслан дар маводи овардаи сомонаи “Турмуш” оғозаш бо дигар хабар сар мешавад. Бо хабаре, ки оид ба муноқишаи рухдода байни сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои Тоҷикистон ва Куктоши Қирғизистон. Санаи 24 август дар назди обгири асосии канали “Тортгул” бархӯрди лафзӣ бо ҷамъ омадани сокинони ду ҷониб оид ба идома ёфтани сохтмони роҳи Куктош Оқсой дар ин мавзеъ аз ҷониби қирғизҳо ба вуҷуд омад. Аз чӣ бошад, ки ҷониби Тоҷикистон расман оид ба ин ҳолат иттилоеро надодааст.
Ба ҳар сурат вақте мо мавзӯйи мазкурро пайгирӣ менамоем, аён аст, ки баъди мулоқоти Президентҳои ду ҷониб давоми як моҳ беш аз панҷ ҳолати муноқиша дар сарҳад ба ҳисоб гирифта шудааст.
Ин ҳолатҳо нишон медиҳанд, ки мутаассифона аз мулоқотҳо он орзумандӣ ва интизориҳоеро, ки мардум аз Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбек Жеенбеков доштанд, ба бор наоварда истодааст.
Лекин мо фаромӯш намекунем, ки вохӯрии охири моҳи июл дар Исфараи Тоҷикистону Чолпонотаи Қирғизистон доир шудаи Эмомалӣ Раҳмону Сооронбек Жеенбеков албатта натиҷа хоҳад дод, аммо интизор бояд шуд. Интизор бояд шуд ба мисли ҳосили зироатҳои дерпазу бегоҳӣ, ки як рӯз не, як рӯз пухта мерасад.
Одами ХУДӢ.