Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон рӯзе пеш аз вохӯрии расмии Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин хабар дода буд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Русия пешниҳод намудааст, ки “Як қисми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун будубоши онҳо дар Русия манъ гардидааст” афв шаванд.
Ва аз рӯи ин манбаъ Президенти Русия ин пешниҳодро қабул кардаасту ба раҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Русия супориши мушаххасе ҳам додааст. Аммо дар рафти вохӯрии ду ҳамто, яъне президентони Тоҷикистон ва Русия ин масъала баррасӣ нашуд ва агар баррасӣ шуда бошад ҳам, паси дарҳои пӯшида пинҳон монд. Зиёда аз ин, дар рӯихати ҳуҷҷатҳои ба имзо расида, масъалаи авфи муҳоҷирони тоҷик набуд.
Дар назари аввал, гӯиё ин далелҳо ифодагари нодида гирифтани пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин буда, ҳеҷ авферо интизор шудан лозим нест. Аммо ҷараёни татбиқи афви соли 2017 барои муҳоҷирони тоҷик ва инчунин афви имсола барои муҳоҷирони қирғиз эҳтимолияти рӯи кор омадани афвро тақвият медиҳад.
Аз рӯи маълумотҳои гуногун, ки сомонаҳои расмӣ пахш карда буданд, дастикам 100 ҳазор тоҷикистонӣ дар доираи ин тасмим авф карда шуданд. Вале коршиносони соҳаи муҳоҷират ин рақамҳоро муболиға донистанду то ҳол дар ақидаанд, ки қисми ночизи муҳоҷирони тоҷик аз ин вазъият истифода карда бошанду халос.
Ёдовар мешавем, ки афви соли 2017 танҳо он қисми муҳоҷирони тоҷикро фарогир буд, ки дар қаламрави Русия ҳузур доштанду бо сабабҳои гуногун будубоши худро қонунӣ накарда буданд. Дар мавриди онҳое, ки маҷбуран ихроҷ (депорт) шуда буданд ва ё вуруди онҳо ба қаламрави Русия манъ шуда буд, сухане намерафт.
Аслан гирем, Русия шарики стратегии Тоҷикистон ҳисоб меёбаду мебоист барои шаҳрвандони шарики стратегиаш афви фарогиртареро мекард. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки масъалаи марбут ба афв аз нуқтаи қарор ҳаракате накарда истодааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки сари чанд вақт коршиносону намояндагони расмии тоҷик вобаста ба масоили афв баромадҳо мекарданду ахиран ин пешниҳод аз ҷониби худи Президенти Тоҷикистон садо дод. Аммо то ҳол маълум нест, ки чӣ афве муҳоҷирони тоҷикро интизор аст, ё умуман афв мешавад ё не?
Чароҳои чародор?
Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала мебояд худи раванди муҳоҷиратро таҳқиқ кард. Пӯшида нест, ки муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз фишангҳои пурқуввати Кремл дар баҳсҳои сиёсӣ бо давлатҳои интиқолдиҳандаи муҳоҷирони меҳнатист ва ҷониби Русия ин фишангро бо ягон ваҷҳ ҳам аз даст нахоҳад дод. Қонунгузориҳои соҳаи муҳоҷирати Русия, ҳарчанд вақтҳои охир хеле кам мушкилот эҷод мекунанд, аммо чунон тартиб дода шудаанд, ки имконият медиҳанд, ки бо баҳонаву сабаби ночизе низ шаҳрвандони хориҷиро аз Русия ихроҷ намоянд, ё вуруди минбаъдаи онҳоро манъ кунанд. Ва аз ин нуқтаи назар, пешниҳоди афви муҳоҷирон аз тарафи давлатҳои қувваи корӣ медода аслан хоҳиш аст. Хоҳишро метавон қаноат гардонид, ё метавон рад кард. Дар ин маврид, метавон махсус қайд намуд, ки дар масъалаи афв ягон ҳуҷҷати расмӣ то ҳол имзо нашудааст. Ин гуна ҳуҷҷат на байни ин давлатҳо ба тасвиб расидаасту на ягон санади расмии Кремл имзо шудааст. Танҳо дастури сарраёсатҳои марбутаи Тоҷикистону Русия, ки дар баъзе ҳолатҳо аз тарафи ниҳодҳои зертобеъ нодида гирфита мешаванд, имзо шудаасту халос.
Афви имсола, ки барои шаҳрвандони Қирғизистон амалӣ шуда истодааст, гуиё такрори афви соли 2017 барои шаҳрвандони Тоҷикистон бошад: ҳамон сару садоҳо нисбати дастоварди беназир аз тарафи мақомоти расмӣ, ҳамон ҳангомаҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ. Ва афв танҳо ба ҳамон қисмати муҳоҷирон, ки дар қаламрави Русия ҳузур доранд, дахл дораду халос. Танҳо мақомоти расмии қирғизҳо, дар замимаи эълонҳои афв, ишора мекунанд, ки ҳар нафар бояд худро дар сомонаи расмӣ тафтиш кунад. Фаҳмад, ки вуруди баъзе нафаронро иҷозат дода шудааст ё не? Ба истилоҳи дигар аз рӯйихати маҷбуран ихроҷшудагон ё вурудашон манъшудагон бароварда шуда бошанд?
Ин дар он ҳол аст, ки Қирғизистон на танҳо шарики стратегии Русия, балки шомили Иттиҳоди ОсиёАврупост. Ва рафтуомади қувваҳои корӣ дар давлатҳои узвҳои ин иттиҳод тамоман озод аст.
Акнун худ дар мисоли Қирғизистон ва умуман гирумонҳои Русия дар масъалаи афви муҳоҷирони меҳнатӣ хулосабарорӣ кунед. Ин афвҳо танҳо қисмати кӯчаки муҳоҷиронро фарогиранду интихобианд. Бо назардошти кадом ҳолатҳо, нисбати ин ё он шаҳрванди хориҷӣ афв раво дида мешавад, номаълум аст. Яъне афви муҳоҷирони меҳнатӣ, аз афвҳое, ки маъмулианду ба муносибати ин ё он санаи таърихӣ, аз ҷониби ин ё он сарвари давлат қабул мешаванд, фарқ мекунад. Дар ҳолати дуввум ба нафаре, ки адои ҷазо мекунад, қаблан маълум аст, ки афв мешавад ё не. Чункӣ, чунин афвҳо ҳамчун санади расмӣ қабул гардида, дар он мухтасар ҳолатҳои татбиқи афв қайд шудааст.
Аз ин хотир, муҳоҷиронро мебояд аз афв умедвории зиёдро интизор нашуда, будубоши худро аз рӯзи аввал қонуни гардонанд.