Варзиш

Шашкабозии бонувон бо генерал

 


Дар шаҳри Исфара мусобиқаи варзишӣ оид ба шашка дар байни бонувон баргузор гардид.

Дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара мусобиқаи варзишӣ оид ба шашка дар байни бонувон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълими шаҳри Исфара доир карда шуд, ки дар рафти он кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумлаи сардори ШВКД-1-и шаҳри Исфара, генерал-майори милитсия Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ бо бонувон дар шашкабозӣ қувваозмоӣ кард.
Мусобиқаи мазкур, ки дар доираи лоиҳаи “Маъракаи иттилоотии ҷамъиятӣ” дар асоси нақшаи кории Гурӯҳи корӣ оид ба “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии Saferword (“Дунёи бехатар”) баргузор гашт, фарогири теъдоди зиёди бонувону ҷавонон буд.
Бино ба гуфти сардовари мусобиқа Абдусаттор Шодиев дар раванди қувваозмоӣ 50 нафар шашкабозон иштирок карданд. Дар натиҷаи нишон додани маҳорату малакаи хуби варзишгарӣ 10 нафар мақоми аввал ва даҳ нафар мақоми дуюм ишғол намуданд. Ғолибон бо ифтихорномаву медалҳо қадршиносӣ карда шуданд.
Басо рамзист, ки мусобиқаи шашкабозон бо қувваозмоии сардори ШВКД-1-и шаҳри Исфара генерал-майори милитсия Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ бо директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Муҷибахон Ҷавҳарова оғоз гардид. Баъдан ба нишони бовариву эҳтиром ва ҳамкории наслҳову пайвандгариҳо генерал-майори милитсия бо иштирокчии хурдакаки мусобиқа Мастурахон Ҳомидова шашакабозӣ намуд.
Бояд гуфт, ки дар оғози мусобиқа оид ба ҳадаф ва моҳияти он ҳарф зада шуд. Зикр гардид, ки ҳадаф аз доирсозии ин гуна мусобиқаҳо ин баландбардории маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, мустаҳкамтар кардани ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пеш аз ҳама милитсия ва роҳандозии муколама бо ҷомеа, ба хусус ҷавонону милитсия мебошад. Дар ин замина аз байн бурдани тарс, мустаҳкам кардани боварӣ ва ҳамкориҳои судманд бобати пешгирии шомилшавии ҷавонону шаҳрвандон ба гурӯҳҳои хатарзо ҳадафи дигари ин чорабинӣ буд.

Ёдрас мешавем, ки Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо Қарори Раиси шаҳри Исфара аз 09.01.2017 таҳти №13 тибқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” тасдиқ карда шуда,аст. Мақсади асосии ин гурӯҳ пешбурди корҳо баҳри пешгирии раванди шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ мебошад. Дар назар аст, ки давоми соли 2019 чорабиниҳои дигари ин Гурӯҳи корӣ дар асоси нақшаи фаъолият дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” ва дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии Saferword (“Дунёи бехатар”) амалӣ карда шаванд.

 

© 2019 TAJINFO. Все права защищены..Design & by Jamoliddin Jum^a

Please publish modules in offcanvas position.