Дар шаҳри Москва бо ибтикори “Радиои Муҳоҷир” ва Ташкилоти ҷамъиятии минтақавӣ оид ба рушди маданияти ҷисмонӣ ва варзиш дар байни ҷавонон “Помир” мусобиқаи байналмиллалии варзишии гӯштингирӣ баргузор мешавад.
Санаи баргузорӣ 6 октябри соли 2019 буда, ҷойи баргузорӣ Қасри варзишии ба номи Яригини шаҳри Москва аст.
Бино ба иттилои кумитаи тадорукот мусобиқа дар байни варзишгарони аз 18 сола боло сурат гирифта, ҳар як варзишгар ҳаққи ширкат дар вазни худро дорад. Ширкатдорон метавонанд тариқи инфиродӣ ва даставӣ баромад кунанд. Қувваозмоӣ дар ду давра: пешакӣ ва финалӣ сурат мегирад.
Ғолибони мусобиқа бо ҷом, мукофотҳои арзишманд ва медал қадршиносӣ карда мешаванд.
Ҳадафи мусобиқаи байналмилалии мазкур муаррифӣ ва оммависозии гӯштингирӣ ба тариқи тоҷикӣ, дар ҷавонон тарбияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳо ва маданияти қавму халқиятҳои Россия, муайянсозии сатҳи касбияти варзишгарон мебошад.