Чанде пеш, тобути ду моҳоҷири тоҷик- зану шавҳар, кӣ дар садамаи нақлиётие дар Рязан ҷони худро бохта буданд, ба ватан интиқолу дар Конибодом ба хок супорида шуда буданд. Ҳанӯз пайвандони ин фавтидагон ба худ наомада, имрӯз нафаре бо номи Абдураҳмонов Абдусамад Шукурович ташриф оварда, худро ҳамчун намояндаи маркази ҳуқуқӣ дар Русия муаррифӣ намудааст. Ин нафар пешниҳод намудааст, ки ҳуқуқшиносони маркази онҳо, метавонанд ҷуброни фавтидагонро, аз ширкати суғуртавӣ рӯёнанд. Ва дар ивази ин хизматрасонӣ 50% маблағро талаб намудааст. Аз худи Душанбе омадану аз номи маркази муҳоҷиратӣ сухан гуфтани Абдусамадро ба инобат гирифта, мотамдорон ба нотариус мераванд, ки ваколатнома қонунӣ намоянд. Аммо дар нотариус маълум мешавад, ки кадом ҳуҷҷате намерасад.
Дар ин вақт, яке аз наздикони ин хонавода бо мо тамос гирифтанд ва фаҳмиданд, ки одатан нархи ин гуна хизматрасонӣ 15% аз маблағи пардохтро ташкил менамояд.
Баъди даст кашидан аз ин созишнома, Абдусамад Абдураҳмонов аз мотамзадагон ҷуброни роҳкирову будубошаш дар меҳмонхонаро талаб менамояд.
Аввалан мо бо рақамҳои гӯиё ба “маркази ҳуқуқӣ” таалуқ дошта занг задем. Маълум шуд, ки ин рақамҳо ба нафаре, ки худро ҳамчун Антон Самойлов муаррифӣ намуд, тааллуқ доштааст. Роман тасдиқ намуд, ки ҳуқшинос асту бо Душанбе ҳамкорӣ менамояд, вале шиносоӣ бо Абдусамадро тасдиқ накард.
Ҳангоми сӯҳбат бо “Радиои Муҳоҷир” Абдусамад Абдураҳмонов гуфт, кӣ маълумотро дар бораи фавтидагон аз “маркази муҳоҷират”, аз нафаре бо номи Дилшод гирифтаасту маҳз он нафар ӯро фиристода бошад. Аммо, аз пайвандони фавтидагон талаби маблағи меҳмонхонапуливу роҳпулиро инкор намуд.
Дар хамин вақт худи Дилшод ба мо занг зада, худро ҳамчун “ҳуқуқшиноси шуъбаи ҳуқуқии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнати Тоҷикистон-Дилшод Убайдов муаррифӣ кард”. Сараввал ин нафар аз моҷарои Абдусамад пурсон шуда гуфт, ки бо “Антон Самойлов” ҳамкурс асту рақамҳои моро маҳз аз охирон гирифтааст. Вале изҳор намуд, ки Абдусамад Абдураҳмоновро умуман намешиносад. Ва ин дар он ҳолест, ки Абдусамад ба мо ҳатто шумораи телефони мобилии ӯро хабар дода буд.
Дар Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав изҳор намуданд, кӣ маълумотро дар бораи расман корманди Вазорати меҳнат будан ё набудани Дилшод Убайдовро танҳо шуъбаи кадрҳои вазорат метавонад тасдиқ ва ё инкор намояд.
Ва дар сурати пайвастагӣ надоштани Дилшод Убайдов бо Вазорати меҳнат низ, суоле боқӣ мемонад, чӣ тавр маълумотҳои инфиродии фавтидагон, дастрасӣ ин гуна нафарон мегардад?