Иқтисоди Русия, ки бино ба сарзадани пандемия аз коронавирус ва пастшавии нархи нафт дар биржаи ҷаҳонӣ дучори мушкил гардид, аз як ҷиҳат бо кӯмаки муҳоҷирон барқарор карда мешавад. Давлат ба воридшавии муҳоҷирони меҳнатӣ манфиатдор аст. Чунин андешаро президенти Русия Владимир Путин изҳор кард, хабар медиҳад «ТАСС».
Ба гуфтаи президент Владимир Путин, дар ояндаи наздик дар Русия норасоии коргарони касбу кори эҳсос карда хоҳад шуд, ки ин монеаи ҷиддӣ дар рушди равандҳои иқтисодӣ мегардад. "Русия ба воридшавии шаҳрвандони нав хусусан муҳоҷирони корӣ ниёз дорад" гуфтааст раҳбари Русия.
Ҳамзамон президенти Русия даъват кард, ки вазъи бозори меҳнатиро дар минтақаҳои гуногуни кишвараш ба назар гиранд, то "воридшавии муҳоҷирон ҳуқуқҳои шаҳрвандони худи Русияро халалдор насозад."
Қаблан Владимир Путин муҳоҷиратро яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти демографӣ дар кишвараш номида буд. Вай қайд карда буд ба муҳоҷироне, ки аз Украина ё аз Беларус омадаанд, дар Русия буду бош ва ё зидагиашон осонтар аст, зеро онҳо забон ва фарҳанги русиро аллакай дар худ доранд. Ба гуфти сарвари Русия, унс гирифтани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба фарҳангу забон ва тарзи зисту зиндагӣ дар Русия мушкилтар аст, аз ин рӯ, бояд дар чунин кишварҳо ба андешаи Владимир Путин, бояд мактабҳо ва филиалҳои донишгоҳҳои Русия ифтитоҳ шаванд.