10 августи соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо муовини сардухтури Беморхонаи аввалини клиникии вилояти Свердловск Ирина Ионкина мулоқот намуд.
Ин муассисаи давлатии мухтори арсаи тандурустии вилояти Свердловск бузургтарин муассисаи табобатӣ ва ташхисӣ дар Ҳавзаи федералии Урал буда, барои ҳамоҳангсозии фаъолият ва рушди тамоми хадамоти тиббӣ дар ин минтақаи Россия масъул аст.Тазаккур дода шуд, ки танҳо дар соли равон 2021 - то 10 август - Беморхонаи аввалини клиникии вилояти Свердловск ба тақрибан 300 нафар шаҳрванди Тоҷикистон хизматҳои гуногуни тиббӣ расонидааст ва дар давраи аз соли 2018 то 2021 дар он чанд ҳазор беморони хориҷӣ аз Арманистон, Озарбойҷон, Исроил,Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Словения, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Украина, Фаронса табобат гирифтаанд.
Тавонмандии содиротии ин муассисаи тиббии соҳибноми минтақаи Урал дар заминаи якчанд бахшҳои клиникӣ ва технологӣ амалӣ мегардад. Дар байни онҳо Маркази дилу рагу шарён ва Маркази урологӣ қобили қайданд. Илова бар ин, дармонгоҳ табобати гемобластоз, аз ҷумла мағзи устухон, ҳамчунин трансплантатсияи ҳуҷайраҳои гематопоэтикиро анҷом медиҳад. Ҷарроҳии ортопедӣ ва эндопротезӣ дар заминаи травматология, ҷарроҳии пластикии реконструктивӣ дар заминаи офталмология гузаронида мешаванд. Дар заминаи Беморхонаи аввалини клиникии вилояти Свердловск шуъбаи анестезиология ва эҳёгарӣ амал мекунад,ки яке аз калонтарин дар Россия маҳсуб меёбад.Он дорои бунгоҳи хунгузаронии худӣ мебошад, ки ин имкон медиҳад беморон бо унсуроти хун ба таври муттасил таъмин шаванд.
Бо дарназардошти ин, ҳамсуҳбатон оид ба баъзе ҷанбаҳои баррасишудаи ҳамкорӣ тавассути робитаҳои байниминтақавии ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ дар ояндаи наздик дар шароити ҳамагири сироятии Ковид-19 ба якдигарфаҳмии комил расиданд. Дар мулоқот ходими фаъоли Ротари клуби Екатеринбург Леонид Засыпкин иштирок дошт.