Бо нияти ҳарчи зудтар ба Россия рафтан муҳоҷирон омодаанд ба ҳама қаллобон бовар кунанд. Онҳо маблағҳои азимро қарз мегиранд, ки ҳатто дар 3-4 моҳи муҳоҷират онро кор кардан мушкил аст.
Ахиран, ширкате, ки муҳоҷиронро барои кор ба Росия мефиристодааст, ба даст афтод. Кормандони он тавонистанд тақрибан 700 шаҳрвандони Ӯзбекистонро фиреб диҳанд, то фаъолияташонро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қатъ кунанд. Ҷузъиёти амалиёти вижа дар гузориши шабакаи телевизионии маҳаллии Тошканд ифшо шудааст.
Қаллобон дидаву дониста шаҳрвандонро фиреб дода, ваъда медоданд, ки ба онҳо чиптаҳои ҳавопаймо ба Россияро бо бастаи тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои убури марз медиҳанд.
Чанд рӯз пеш кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сардори ширкатро ҳангоми гирифтани 1450 доллар барои додани чиптаи ҳавоӣ аз Тошканд ба Маскав боздошт карданд. Ҳангоми тафтиш маълум шуд, ки танҳо дар вилояти Андиҷон 72 нафар барои ҳуҷҷатҳо кумак хостаанд ва барои ин 72000 доллар пардохт кардаанд.
Директори ширкат ва муассиси он тибқи моддаи "қаллобӣ"-и Кодекси ҷиноятӣ ҳамчун гумонбар дастгир карда шуданд.
Чуноне, ки маълум аст дар Тоҷикистон низ ҳолатҳои пешниҳоди чунин намуди хидматрасонӣ мушоҳида мешаванд.
Ҳушёр бошед азизон ва фаромӯш накунед, ки дар сурати ифшо шудани чунин ҳолатҳо ба шумо аз “депортатсия” сар карда, то ҳабс таҳдид мекунад.