Исми Саидасрор Мирзоев ҳамчун узви шӯрои ҷамъиятӣ дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар сомонаи ин ниҳод пок шуд. Оё ӯро аз Русия ихроҷ мекунанд?
Қазияи боздошти Саидасрор Мирзоев роҳбари ҷамъияти “Пайванд”-и Самара, ки тайи чанд вақт боз вирди забонҳо гардидааст, то ҳоло норӯшан боқӣ мемонад. Додгоҳи Самара нисбаташ ҳукми ихроҷро аз 23-юми декабри соли 2020 тадбиқ кардааст, аммо номбура дорои шаҳрвандии Русия буд.
Шикояти ҳимоятгарони Саидасрор Мирзоев аз ҳукми суд, дар додгоҳи вилояти Самара низ натиҷа надод ва ҳама далелҳои овардаи тарафи ҳимоятгар низ рад карда шудаанд. Дар қарор додгоҳи вилоятӣ аз санаи 31-уми декабри соли 2020 оварда шудааст, ки қарори додгоҳи ноҳияи Совети шаҳри Самара аз 23 декабри соли 2020 дар хусуси гунаҳкор донистани Мирзоев Саидасрор Давлатович аз рӯи талаботи қисми 1.1-и моддаи 18.8-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия, бе тағир гузошта шавад.
Ҳамчунин дар қарори додгоҳи вилоятӣ илова мегардад, ки Саррасёсати ВКД ФР оид ба вилояти Самара, санаи 30-юми сентябри соли 2020 қарор дар бораи надоштани шаҳрвандии Саидасрор Мирзоевро бароварда ва шиносномаи ӯ беэтибор дониста шуд.
Дар идома санаи 1-уми декабри соли 2020 мақомоти корҳои дохилӣ ба Саидасрор Мирзоев огоҳии хаттӣ оиди дар муддати то 6-уми декабри соли 2020 ба таври ихтиёрӣ тарк намудани ҳудуди марзию маъмурии Русияро ба ӯ расонидаанд, ки онро номбурда бо имзои худ тасдиқ намудааст. Ва бо иддаои мақомот Саидасрор Мирзоев дар ин муддат талаботи онҳоро иҷро накардааст ва санаи 23-юми декабр боздошт гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки додгоҳи ноҳияи Совети Самара бошад, дар қарори худ аз 23-юми декабри соли 2020 дар нисбати Саидасрор Мирзоев ҷарима дар ҳаҷми 2000 рубл ва чораи ихроҷ аз ҳудуди марзию маъмурии Русияро тадбиқ намудааст.
Албатта, ки бори севвум ҳимоятгарони Саидасрор Мирзоев ба шикояти назоратӣ, ки ин низ дар қарори додгоҳи вилоятӣ оварда шудааст, ҳақ доранд, аммо як манбаъ ба “Радиои Муҳоҷир” хабар дод, ки эҳтимол меравад Саидасрор Мирзоевро рӯзи 11-уми январи соли ҷорӣ аз Русия ба Душанбе ихроҷ мегардад. Ҳоло номбурда дар боздоштгоҳи муваққатии нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Толятӣ, нигоҳдорӣ мешавад.
Қаблан Александр Паулов вакили дифоъи Саидасрор дар суҳбати телефонӣ ба “Радиои Муҳоҷир” гуфта буд, ки Саидасрор Мирзоевро кормандони пулис дар шаҳри Самара боздошт намуда, мавриди латукӯб қарор медҳанд ва водораш месозанд, ки дар додгоҳ бар зидди худаш шаҳодати бардуруғ бидиҳад ва аз Русия ихроҷ гардад. Аммо Александр Паулов таъкид карда буд, ки Саидасрор Мирзоев аз соли 1993 боз инҷониб дорои шаҳрвандии Русия мебошад.