Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо намояндагони лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот”-и Бонки Ҷаҳонӣ тариқи онлайн машварати видеоӣ баргузор намуд.
Дар ин машварати видеоӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, роҳбари гурӯҳи лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Андреа Далл Олио (аз Вашингтон дар алоқа), муовини роҳбари лоиҳа Талайбек Кошматов (аз Бишкеки Қирғизистон дар алоқа), мутахассисон Татяна Сегал ва Юн Фан (аз Вашингтон дар алоқа) ва мушовирони дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Алишер Исоев, Наврӯза Алиқулова (аз Душанбе дар алоқа) ширкат варзиданд.
Бино ба иттилои Носирҷон Маъмурзода, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ҷонибҳо вазъи кунунӣ дар кишварҳои ҷаҳон бар асари ҳамагирии вируси нави корона, чораҳои пешгирии паҳншавии бемории мазкур дар ҷумҳурӣ, инчунин вусъат додани ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Бонки Ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Роҳбари гурӯҳи лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ Андреа Далл Олио дар ин машварати видеоӣ зикр намуда, ки барои пешбурди корҳои барқарорсозӣ ва беҳбуд бахшидан ба ҳолати иншоотҳои Хоҷа Машҳад (Шаҳритус), қалъаи Ҳулбук (Восеъ), “Чилучорчашма” (Носири Хусрав), таҳияи коркарди бизнес-планҳо 4,5 миллион доллар сармоягузорӣ пешбинӣ гардидааст. Дар доираи лоиҳа инчунин грантҳои хурд барои рушди бизнеси хусусӣ дар самтҳои такмили сифати хизматрасонии меҳмонхонаҳо, ширкатҳои туристӣ, тарабхонаҳо, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва монанди ин ҷудо карда мешаванд.
- Мо омодаем, ки бо Бонки Ҷаҳонӣ ва лоиҳаҳои бо маблағҳои ин бонк амалишаванда ҳамкории доимӣ ва манфиатбахш дошта бошем, - қайд кардааст раиси вилояти Хатлон дар интиҳои конференсияи видеоӣ. – Боварӣ дорам, ки амалишавии “Рушди иқтисодиёти деҳот”-и Бонки Ҷаҳонӣ ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.