Хонандагон ва омӯзгорони мактабҳои Тоҷикистон новобаста аз он ки имсол 1 сентябр ба Рӯзи истироҳат-якшанбе рост меояд, бояд ба мактаб раванд.
Дар ин бора Фармоиши вазири маорифи Тоҷикистон аз санаи 26 августи соли 2019 таҳти рақами 5862 "Дар бораи тағйир додани вақти дарс" ба имзо расидааст. Дар асоси фармоиши вазир дар вилояти Суғд сардори раёсати ин вилоят О.Каримзода фармоиш баровардааст, ки мутобиқи он 1 сентябр рӯзи дарсӣ эълон гардида, рӯзи истироҳати ин сана ба санаи 7 сентябр гузаронида шудааст.
Ҳамин тавр бахшида Рӯзи истиқлолияти давлатӣ омӯзгорону муҳассилин дар Тоҷикистон аз 7 то 9 сентябр се рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Ин бори аввал нест, ки аз ҷониби вазири маорифи Тоҷикистон Рӯзҳои истироҳату ид, ки ба 1 сентбяр рост омадаанд, ҳамчун Рӯзи корӣ ва таҳсил эълон карда шудаанд.