Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз мулоқоташ бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои ин кишвар ба иддае аз мансабдорони сатҳи болоии Тоҷикистон танбеҳ ва бархеро аз вазифа сабукдӯшу қисми дигарро вазифаҳои нав додааст.
Мутобиқи Фармоиш ба Каримзода Хуршед Абдураҳмон – сардори Хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар - муовини якуми сардори Хадамоти гумрук, Ҳурматзода Иззатулло Зариф - муовини сардори Хадамоти гумрук, Шерализода Хуршед – муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабиашон танбеҳ, мутобиқи Амр ба Нурмаҳмадзода Ҷамшед - раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Нуралиев Ҷамолиддин Камолович - муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло - муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Салимова Лола Ҷумаевна - муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиашон танбеҳ дода шуданд.
Бо қарорҳои дахлдор бошад, аз вазифаҳои муовини Вазири нақлиёт Ганҷалзода Ш., муовинони раиси Кумитаи андоз Сафарзода Л. ва Юсуфӣ П., муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Шарифзода Ф. муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Одиназода Н. аз вазифаҳои директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Наҷмудинов С., сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт Қурбонзода Х. озод карда шуданд.
Инчунин Мақсудзода Ш. директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта", намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони байналмилалии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид дар Шоҳигарии Испания Ҳомидов Ҷ. ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории иқтисодӣ Зоҳидӣ Н. таъин карда шуданд.
Дар ин бораи сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.