Президенти Россия Владимир Путин қонунеро дар бораи қатъи хизматрасонии алоқаи мобилӣ, ки маҳбусон дар зиндонҳо истифода мебаранд, имзо кард. Ин санад дар портали расмии иттилоотию ҳуқуқӣ нашр шудаст.
Тибқи ин қонун аз шикатҳои алоқаҳои мобилӣ талаб карда мешавад, ки хидматрасониҳоро тавассути рақамҳое, ки маҳкумшудагон дар маҳбасҳо, гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва маҳкумшудагон дар СИЗО ва муассисаҳои ислоҳӣ истифода мебаранд, қатъ кунанд. Қатъи алоқа дар асоси қарори хаттии роҳбар, муовини сардори Хадамоти федералии иҷрои ҷазо ё роҳбари мақомоти ҳудуди Хадамоти федералии иҷрои ҷазо сурат мегирад.
Дар як тавзеҳи шарҳии қаблан нашршуда ишора шуда буд, ки дар соли 2018 дар муассисаҳои низоми ислоҳии ҷазо беш аз 56 ҳазор дастгоҳҳои коммуникатсионӣ мусодира карда шуданд. Сарфи назар аз манъи мавҷудаи истифодаи телефонҳои мобилӣ барои маҳбусон беш аз 5 ҳазор нафар барои кӯшиши интиқоли телефонҳо боздошт шуданд. Муаллифони ташаббус қайд карданд, ки телефонҳои мобилӣ дар маҳбасҳо аксар вақт барои қаллобӣ, фишор овардан ба шоҳидон ва ҳамоҳангсозии амалҳои аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки дар озодӣ мебошанд, истифода мешаванд.