Системаи интиқоли пулии Амрико MoneyGram (Мони Грим) аз 1 март хизматрасонии мустақим ба шахсони алоҳида дар Россияро қатъ кард. Фиристодани интиқоли пул аз Россия ба кишварҳои дигари ҷаҳон ғайриимкон гаштааст ва гирифтани пули нақд, ки муштариёни MoneyGram аз кишварҳои дигар ба Россия фиристодаанд, акнун танҳо бо воситаи Золотая Корона имконият дорад.