Шаҳрванди Тоҷикистон Суннатуло Ҳалимов, ки дар Колонияи ислоҳии рақами 12-и Перм адои ҷазо мекард, боз суд шуд. Мурофиаи судӣ моҳи декабри соли 2020 баргузор шуд. Дар ин бора ба хабарнигорон хадамоти матбуоти департаменти Перми ФСБ иттилоъ дод.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти ФСБ-и ин минтақа Суннатулло дар даъватҳои оммавӣ ба терроризм ва экстремизм гунаҳгор дониста шудааст. Тафтишот муайян намудааст, ки маҳкумшуда маҳбусонро даъват кардааст, ки пас аз озод шудан аз колония ба ташкилоти мамнуъи “Давлати Исломӣ” пайваст шаванд. Дар натиҷа суд таблиғгари ин ташкилоти террористиро ба 3,5 соли зиндон дар колонияи режими сахт маҳкум кард.