Баъд аз паҳншавии босуръати коронавирус ва эълон намудани карантин дар Русия, аксарияти муҳоҷирони тоҷик аз ҷойи кор маҳрум гашта дар вазъияти бади иқтисодӣ қарор доранд. Дар ин рӯзҳои вазнин муҳоҷирони тоҷик на танҳо ба пайвандону наздикони худ маблағ равон карда наметавонанд, балки худи онҳо ба кӯмаки молӣ ниёз доранд. Муҳоҷирони кории тоҷик намедонанд, ки чигуна дар ғарибӣ маблағи иҷораро пардохт кунанд ва рӯзгори худро пеш баранд.
Бархе аз бонкҳои Русия, сарфи назар аз маҳрум гаштани муҳоҷирони тоҷик аз ҷойи кору даромади пулӣ, омодаанд ба шаҳрвандони Тоҷикистон қарзҳои кӯтоҳмуддатро диҳанд. Бонки «Солидарност» аллакай эълон кардааст, ки ҳар шаҳрванди болиғи Тоҷикистон барои гирифтани қарзи кӯтоҳмуддат метавонад ба ин ташкилоти молиявӣ муроҷиат кунад. Қарз ба мӯҳлати то 4 моҳ дода мешавад. Ҳаҷми қарз ба ҳадди ақали музди меҳнат дар Русия баробар буда, 12136 рубли русиро ташкил медихад. Барои гирифтани қарз шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳое, ки конунӣ истиқомат ва фаолият кардани муҳоҷири тоҷикро дар қаламрави Русия тасдиқ мекунанд, лозиманд.
Иқдоми бонки «Солидарност» дар ҳолест, ки давоми ду моҳи охир интиқоли маблағҳои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба маротиб коҳиш ёфт, ки дар натиҷа шабакаҳои интиқоли пулии Русия фоидаи худро аз даст доданд. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия бо азобу машаққат рӯзгори худро пеш мебаранд ва умедворанд, ки карантин охири моҳи ҷорӣ бекор карда мешавад, вагарна, ба қавли муҳоҷирон, вазъияти онҳо аз ин ҳам бадтар хоҳад шуд.
«Маҷмӯи кӯмаки молиявӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Дӯстона»!
Барои гирифтани кӯмак танҳо се ҳуҷҷат зарур аст: шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон; ҳуҷҷатҳое, ки қонунӣ будан дар қаламрави Федератсияи Россияро тасдиқ мекунанд (патент); кафолат аз қаламрави Тоҷикистон ё корфармо дар Русия.
Ба Шумо пешниҳод мешавад: Қарз ба мӯҳлати 4 моҳ дар ҳаҷми –12136 рубл (баробар ба ҳадди ақали музди меҳнат дар Русия); Суғурта аз ҳолатҳои тасодуфӣ ва COVID-19.
Барои гирифтани қарз, Шумо бояд саволномаро дар вебсайти https://souse.su/migrante пур кунед ва ё ба рақами телефони 8 800 333 44 28 муроҷиат намоед (зангҳо аз қаламрави Федератсияи Русия бепул мебошанд).
Пешакӣ миннатдорем! Мо Шуморо интизор! »