Фарҳанг

Кўлоб - пойтахти фарҳангии ИДМ

 

Дар пойтахти Россия- шаҳри Москав IX-умин Нишасти илмӣ ва эҷодии зиёиёни кишварҳои узви ИДМ баргузор шуд. Дар баробари намояндагони ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Молдова, Федератсияи Россия ва Ӯзбекистон намояндагони илму эҷоди Тоҷикистон дар ин нишасти мӯҳташам иштирок карданд.

Ин навбат мавзӯи меҳварии ин нишасти илмиву фарҳангӣ «Тавсеъаи қаламрави ягонаи гуманитарии ИДМ: дурнамои ҳамкориҳо ва талаботи замон» интихоб гардида буд.
Ширкати сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов барои ҳайати Тоҷикистон дар мавриди муаррифии дастовардҳои илмиву эҷодӣ ва намунаҳои фарҳанги бою мутамаддини миллати тоҷик рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
Маърӯзагарони ин чорабинӣ аз ҳифзи қаламрави ягонаи гуманитарии ИДМ ва тавсеъаи гуфтугӯи тамаддунҳо ҳамчун яке аз роҳҳои муҳими пешгирии низоъҳову муқобилият бо таҳаммулнопазирию нажодбадбинӣ, бегонаситезӣ, миллатгароӣ ва экстримизм таъкид дошта, қайд карданд, ки он ба таҳкими фарҳанги сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии наздики мардумони кишварҳои узви ИДМ мусоидат хоҳад кард.
Мавзӯи дигари ин Нишаст баррасии иштироки кишварҳои узви ИДМ барои омодагӣ ва ҷашнгирии 70-солагии Ғалаба ва Соли меҳтарони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1940-1945 дар соли оянда буд. 
Басо фараҳбахшу боиси ифтихор аст, ки соли 2015 шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон ва Воронежи Россия ҳамчун пойтахтҳои фарҳангии ИДМ интихоб шудаанд. 
Барои ширкаткунандагони ин чорабинӣ филми ҳуҷҷатие аз рӯзгори мардуми Кӯлоб бо намунаҳои маданияту русуми ин сокинони ин минтақаи Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки ҳозиринро бо одоту намунаҳои оинҳои мардумиву қадимаи сокинони Кӯлобшаҳр, ки таърихи пайдоишаш рақами 2700 солро убур мекунад, ошно намуд.
Мухбирамон дар ин нишаст иштирок дошт ва дар ҳошияи он бо масъулину намяондагони аҳли илму адаб сӯҳбатҳои кӯтоҳе анҷом дод. Фишурдаи ин сӯҳбатро пешкашатон мегардонам.

Абдуғаффор Раҳмонов, раиси шаҳри Кӯлоб: 
Хеле хурсандиовар аст, ки Кӯлоб дар қатори Воронеж пойтахти фарҳангии кишварҳои узви ИДМ дар соли 2015 эълон шуд. Ин барои мо ифтихор ва ҳам масъулияти баланд аст. Мо, таҷрибаи бойи меҳмондорӣ ва баргузор кардани ҷашнҳои сатҳи байналмилалиро дорем. Бо таъкид бо хираду анаъанаҳои нек, заковату эҳтиром ба меҳмон аз сӯи сокинони Кӯлобшаҳр метавонам бо боварӣ изҳор дорам, ки чорабинӣ дар сатҳи олӣ хоҳад гузашт. Феълан, мо дар ин робита хеле корҳоеро анҷом додем. Фестивалҳои ҷумҳуриявии “Наврӯз”ва“Фалак”-ро дар шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифтаем. Ҳамчунин ҷашни “Чакан”бо ташаббуси худи шаҳрдорӣ баргузор хоҳад шуд. Мо аз намояндагони зиёиёни тамоми шаҳрҳову кишварҳои ИДМ даъват мекунем, ки ба Кӯлоб биёянд, дар чорабиниҳои мо ширкат кунанд. Муҳимияти эълон гардидани Кӯлоб ҳамчун пойтахти фарҳангии ИДМ дар он аст, ки мо тавонем анаъанаҳои аҷдодонамонро давом дода, таъриху бою пурғановат ва посдории анъанаву оинҳои мардумии худро ба насли оянда ба мерос гузорем. Ҳамчунин фарҳангу санъати мардуми Кӯлоб акнун моли танҳо мардуми ин шаҳр, моли танҳо тоҷикон нест, он мояи ифтихори тамоми башарият, бахусус мардумони ҳамсояи мо аз кишварҳои ИДМ аст. Мо танҳо муваззаф шудаем, то онро дар шакли аввала нигоҳ ва пос дорем ва ба дигарон муаррифӣ кунем, зеро ифтихори нигаҳдории ин фарҳангу тамаддуни қадима ба дӯши мо вогузор шудааст. Умедворам, ки рӯҳи Ҳазрати Мир Саид алии Ҳамадонӣ ба мо кӯмак хоҳад кард.
Мо чорабиниҳои зиёди сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳам байналмиллалии илмиву фарҳангиро дар шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифтаем. Аллакай теъдоди зиёди маводҳои чопи тарғиботӣ омода шудаанд. Аз намояндагони илму фарҳанги 50 кишвари олам даъват кардаем, то дар ин чорабинӣ иштирок кунанд. Бад ин васила мо метавонем шаҳри Кӯлобро бори дигар ҳамчун як шаҳри рушдёфта ҳам аз лиҳози иқтисодӣ, ҳам аз лиҳози саноатӣ ва ҳам аз паҳлӯҳои фарҳангие , ки дорад, муаррифӣ созем.
Бояд таъкид кунам, ки мо имрӯз бо шаҳрдори Воронеж дидору гуфтугӯ анҷом додем. Хурсандиовар аст, ки пешниҳоди мо дар мавриди барқарор кардани равобити ҳамкориҳои судманд, бародаршаҳр эълон кардани Кӯлобу Воронеж аз сӯи дӯстонамон бо хурсандӣ пазируфта шуд. Мо лоиҳаи Созишномаи ҳамкориро якҷоя таҳия хоҳем кард. Ҳамчунин дар бораи сафари ҳайати ҳунарии намояндагони санъати шаҳри Кӯлоб ба Воронеж ва баръакс тавофуқ ҳосил шуд.

Михаил Швидкой, Ҳамраиси иҷроияи Сандуқи байнулмиллалии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои узви ИДМ:
- Нишасти имрӯза ба он хотир муҳим аст, ки дар давраи гӯем, ки на он қадар орому беғубор гузашта истодааст. Авзои замон хеле ташаннуҷ ёфтааст, мушкилу дурушт шудааст, ки аз ҳамаи мо рафтори дақиқро тақозо мекунад. Ин Нишаст, фикр мекунам, ки на ба хотири ҳамҳамаву дабдаба баргузор шуда истодааст, балки аз ҳар як кишвар одамони ҷиддии соҳаи илму фарҳангро гирди ҳам овардем, ки дар кишварҳояшон ба суханашон гӯш медиҳанд, онҳо медонанд, ки бо кадом тартиб андешаҳои сареҳи худро барои ободониву рушди кишварҳояшон ба самъи сиёсатмадорону масъулин расонанд.
Мо, зиёиён, ин ҷо ҷамъ омадем, ки ба сиёсатмадорон кӯмаки худро расонем. Ин кори осон нест. Алъон ягон нӯшдоруе, ё гӯем, ки “хати наҷот” таҳия нашудааст, аммо аз рафтори зиёиён дар чунин шароити мушкил тақдири миллатҳо вобаста аст. Фикр мекунам, ки имрӯз барои ҳамаи мо нигаҳдории умумияти гуманитарӣ бояд авлавият дошта бошад. Ва ин Форуми нуҳӯмин маҳз ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст. Зеро имрӯз бениҳоят нерӯҳои зиёде пайдо шудаанд, ки аз мушкилоти имрӯзи мо ба манфиати худашон истифода намуда, мехоҳанд моро пора-пора кананд. Фикр мекунам, ки ин хатои бузург ва на ба манфиати тамоми кишварҳое, ки ин ҷо муаррифӣ шудаанд, хоҳад буд. Аз ин рӯ, вазифаи аввалиндараҷаи мо таваҷҷӯҳ ба ин аст ва он чизе ки ин ҷо баррасӣ мешавад, бояд муайян кунад, ки кадом тарҳҳоро бояд роҳандозӣ кунем, ки ин ҳудуди гуманитариро то ҳадди ниҳоӣ нигоҳ дорем. 
Соли 2015 мо 70-солагии ғалаба дар Ҷанги бузурги ватаниро таҷлил мекунем, ки албатта ин ғалабаи умумии ҳамаи мо буда, ин ҷашн барои ҳамаи мо бениҳоят муҳим аст, ва аммо форум ва зиёиёни эҷодкор на ба гузашта, балки ба оянда такя мекунанд. Ва моро имрӯз зарур аст, ки бо такя бо таърихи ҳамзистии худ, ба таърихи ғалабаҳои худ, бояд бигӯем, ки дар он дар қатори хубиҳо ҳамчунин бадиеҳое ҳам ҷой доштанд ва низоъҳо маҳз аз он сар мезаданд, ки на фақат хубиҳо дар ёд мондаанд. 
Моро зарур аст, то дарк намоем, ки чӣ чиз моро ба ҳам мепайвандад, чаро моро пора карданд.. Ҳамаи инро дарк карда, бояд аз ҳамзистиву рафоқат кор бигирем.

Пулод Булбул оғлӣ, Раиси иҷроия Сандуқи байнулмиллалии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои узви ИДМ:
Соли оянда шаҳри Кӯлобу Воронеж пойтахтҳои фарҳангии ИДМ эълон шудаанд. Ин ташаббуси худи ман буд. Ташаббусу пешниҳодҳо зиёд буданд. Аммо ман пойфишорӣ кардам. Чунки дар ин шаҳрҳо ба фарҳангу санъат муносибати ҷиддӣ менамоянд. 
Аммо барномаи эълони пойтахтҳои фарҳангии ИДМ ин на барои он аст, ки шаҳр ё пойтахти беҳтаринро муайян намоем. Ин барнома барои он таҳия шудааст, ки ба ин гуна шаҳрҳои қадимаи миёнаву хурд барои посдории намунаҳои фарҳангу санъати мутамаддин кӯмак расонида шавад, таваҷҷӯҳи ҷомеа ва сиёсатмадорон ба мушкилоти ин шаҳрҳо, мушкилоти соҳаи фарҳангу санъат, ободии ин шаҳрҳо ҷалб карда шавад.
Таҷрибаи мо дар шаҳрҳои Улянов ва дигар шаҳрҳо нишон дод, ки дар ҳақиқат шаҳрҳои бемушкилот мавҷуд нестанд. Ҳамчунин дар соҳаи фарҳанг низ бе мушкилӣ намешавад, аммо барои ҷалби диққату таваҷҷӯҳ, таҳияи имкониятҳо барои рушди фарҳанги ин шаҳр ва аз байн бурдани мушкилоти соҳаи фарҳанг маҳз чунин барномаҳо тарҳрезӣ карда мешаванд.
Ин шаҳрҳо, мардумони ин шаҳрҳо бениҳоят мардумони меҳмондӯсту фарҳангӣ ҳастанд. Ҳатман, ки шахсони аввали ин Форум дар ин чорабиниҳо ширкат мекунанд. Дар бораи маҳз Кӯлоб метавонам махсус таъкид кунам, ки ин шаҳр намунаи фарҳанги бениҳоят қадимаи тоҷикон, ва умуман мардумони ин минтақа мебошад. Кӯлоб таърихи чандҳазорсола дошта, дар худ тамаддуну таъриху фарҳангу санъату ҳунармандиву косибии бою ғаниро нигоҳ дошта меояд. Бисёриҳо медонанд, аммо бисёриҳои дигар инро намедонанд, Масъулини Кӯлобро лозим аст аз ин фурсат ба таври комил истифода баранд, меҳмонони ҳарчӣ бештарро даъват кунанд, корҳои таблиғотиро афзойиш диҳанд. Умедворам, ки мардуми соҳибтамаддуни Кӯлоб бо истифода аз анъанаҳои неки мардумсолорӣ ва меҳмонпарастияшон аз ӯҳдаи ин кор ба хубӣ хоҳанд баромад. Аз ин рӯ, бори дигар қайд мекунам, ки ҳам дар шаҳри Кӯлоб ва ҳам дар шаҳри Воронеж мушкилот дар соҳаи фарҳанг бениҳоят зиёд аст. Инҷо мушкилоти мактабҳои санъат, намоишгоҳҳои рассомӣ, осорхонаҳо аст, ва пойтахтҳои фарҳангии ИДМ эълон гардидани онҳо маҳз ба хотири ҷалби диққати масъулину ҷомеа барои ҳалли ин мушкилот аст. Бинобар ин таъкид менамоям, ки барнома на ба пойтахтҳои ҷумҳуриҳо, балки ба шаҳрҳои миёнаву хурд равона карда шудаанд. Ман умедворам, ки Кӯлоб ва ҳам ба Воронеж аз ин барнома, аз ин имконият, ба таври ҷиддиву пурра барои ҳалли мушкилоташон дар соҳаи фарҳанг истифода мекунанд. 
Мехоҳам таъкид кунам, ки то ин давра мо нишастҳои пурдабдабаву пурҳамҳамае доштем, аммо имрӯз изҳор медорам, ки замони ҷашну хурсандӣ нест. Имрӯз фурсати кору таваҷҷӯҳ ба мушкилот аст. Ҳамаи шумо аз вазъи ҷаҳон ва минтақа огоҳ ҳастед. Ҳамчунин зимни баромадҳои маърӯзачиён мо як навъ огоҳиву мушавваширо эҳсос кардем, пешниҳодҳову андешаҳои мухталиф ҳам садо доданд. Фикр мекунам, ки чизи аз ҳама муҳим ин таваҷҷӯҳи зиёиён ба мушкилоти ҷомеа аст. Ин навбат ҳайатҳо калон нестанд, аммо сифатан хеле баланд ҳастанд. Ин навбат шахсоне ҷамъ омаданд, ки дар кишварҳояшон хеле чизҳоро метавонанд амалӣ кунанд. Аз ин рӯ, имрӯз нақш ва мавқеи зиёиён хеле муҳим аст. Мо имрӯз дар Форум таъкид кардем, ки ҷуғрофиё ба тақдир бадал шудааст. Мо дар як паҳнои ягона зиндагӣ дорем ва аз якдигар ҷои гурез нест, ягон нафари мо ба кайҳон намепарад, новбаста аз ин ё он мушкилотамон. Барои ҳамин, нуқтаҳои пайвастро пайдо бояд кунем, имкониятҳои гуфтугӯҳоро ҷустуҷӯ намоем, мушкилотро ҳал кунем, то мардуми оддӣ азият накашанд, то хуни ноҳақ нарезад, то низоъҳои ҳарбӣ сар назананд, то тамоми нофаҳмиҳо тавассути муколама ҳалли худро пайдо намоянд.

Дмитрий Прудских, сарвари созмони ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист”. Тоҷикистон.
Созмони мо беш аз 15 сол аст, ки дар соҳаи ҳифзи муҳити зист кор мекунад. Мо тавонистем дар ин муддат ҳаракати экологони ҷавонро бо номи “Патрулони сабз” дар Тоҷикистон фаъол гардонем, ки имрӯз бо теъдоди беш аз 3000 ҳазор нафар ҷавонон дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон, ҳам дар Бадахшону Хатлон, ҳам Рашту Суғд фаъолият доранд. Ҳамчунин мо бо омӯзгорон дар мавриди гирифтани донишҳои иловагии экологӣ кор мебарем, ҳамчунин ба ҳифзи муҳити зист хонандагони макотиб, ҷавононро ҷалб мекунем. Корҳои илимву методии зиёде дар ин самт дорем. Шояд амалҳои мо дар самти ҳифзи муҳити зист натиҷаҳои назаррас доданд, ки кишвари ман маҳз маро барои иштирок дар озмуни байналхалқии «Иттиҳоди ташаббусҳо» («Содружество дебютов») пешниҳод кард ва миёни 22 довталаб, хушбахтона, ман ва кишвари ман ғолиб омадем. 
Ирина Баканова, профессор, муовини директори осорхонаи санъати эҷодии ба номи А.С. Пушкин. Москва.
Кӯлоб ин ватани ман аст. Миёни мо русҳо ибораи “Ватани хурд” (малая Родина) мавҷуд аст, мисли иброаи тоҷикии “Ватани бобоӣ” ё “Ватани аҷдодӣ”. Аммо ман мегӯям, ки Кӯлоб Ватани бузург ва аслии ман аст. Вақте кӯҳҳоро бубинам, новобаста аз он ки дар куҷо бошад, хоҳ дар Оденбург, хоҳ Ригаву, хоҳ дигар ҷое, ки баландӣ мавҷуд бошад, эҳсос мекунам, ки задани қалбам тағйир меёбад. Зеро он чизе, ки маро бо Ватан пайванд медиҳад, чизе иваз карда наметавонад. Шумо медонед, куртаи кӯлобӣ танҳо куртае аст, ки то имрӯз бо ифтихор ман бо он меҳмон пешвоз мегирам. Ин куртае аст, ки дар ман ҷаҳони дигари эҳсосотро тавлид мекунад. Бобои ман аз сохтмончиёни Кӯлоби шӯравӣ буданд. Дар сохтани хати сарҳад низ саҳм доранд. Бибиам дар бошгоҳи ҳавосанҷӣ дар Қӯрғонтеппа кор мекарданд. Модарам зодаи Қӯрғонтеппа мебошанд. Вақте номи ин мавзеъҳоро мешунавам, он гуна эҳсосе маро фаро мегирад, ки бо шунидани шаҳрҳои бузурги олам ҳатто дар ман пайдо намешаванд. Барои мисол, вақте Париж мегӯем, тамоман эҳсосоти дигар ва аммо вақте Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Ҳисор ва албатта Кӯлоб ва дар маҷмӯъ Тоҷикистон мегӯем, тамоман эҳсосоти дигар маро фаро мегирад... Ман овони донишҷӯи як маҷмӯаи ашъорро бо номи “Дурахши гелосҳои Тоҷикистон” («Вишневая заря Таджикистана») аз эҷоди шоирони классики тоҷик, сар карда аз Ҳофизу Саъдӣ дар тарҷумаи Пушкин ва шеърҳои шоирони русро дар бораи Тоҷикистон мураттаб карда будам, ки устод Мӯъмин Қаноат ба он пешгуфтор навишта буданд. Ростӣ, ин дар аввал як кори илмии хурде буд, ки баъдан нашр гардид ва ҳатто дар Маскав ва хориҷ низ ба фурӯш гузошта шуд. Дар он дар шеъре шоири рус Владимир Лугавской навиштааст:
«С первым ветром весны, 
торопись на Восток!»
Фикр мекунам дар ин сатр тамоми нозукиҳои зодгоҳи ман нуҳуфта аст. Ман доим ба дӯстонам мегӯям, агар шумо боре дар баҳорон дар Тоҷикистон набудед, паҳноҳои бекарони мисли хун суп-сурхи лолазорро надидед, пас умри шумо барҳадар будааст. Мақсади ман дар таҳияи ин маҷмӯа он буд, хонанда дарк намояд, ки дӯстии Россияву Тоҷикистон расмиву қолбаӣ нест, балки болотар аз самимият аст.
Ман дар рӯзгори худ тамоми анъанаҳои мардуми тоҷикро нигоҳ доштаам. Мана Соли нав ҳам фаро мерасад, ва дар хонаи мо ягон вақт баҳси хӯроки идона ҷой надорад. Палави тоҷикӣ ва дигар анвои ғизоии тоҷикона ҳамавақт дар хони идонаи мо ҷои махсусро дорад. Анъанаи сари як пиёла чой ҷамъ кардани дӯстони зиёдам аз Тоҷикистон дар хонаам, ҳанӯз ҳам побарҷост... Ман метавонам хеле таассуроти зиёде аз ин кишвару аз Кӯлоб нақл кунам... Фикр мекунам, ки фурсати дигару ҷойи дигар.
Ба ҷои охирсухан. Ширкаткунандагони ин ҷорабинӣ унвони роҳбарони кишварҳои узви ИДМ Муроҷиатнома қабул намуда, даъват ба амал оварданд, ки барои посдории хотира аз ғалабаи бузург, ки корнамоии фарзандони халқҳои кишварҳои мо мебошад, шароити мусоид фароҳам оварда, ба наслҳои оянда ин дороии бемислу боғановатро ба мерос гузоранд.
Дар муроҷиатномаи иштирокчиёни Нишаст аз ҷумла гуфта шудааст, ки муҳимтарин дарс аз он ҷанг барои наслҳои оянда ин аст, ки танҳо бо кӯшиши ҳамаи кишварҳо ва ҳамаи наслҳо метавон ба таври таъсиргузор дар баробари таҳдидҳои имрӯза, алалхусус эҳёи идеологияи фашизм ва сафед кардани он, муқовимат кард.

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

© 2019 TAJINFO. Ҳама ҳуқуқҳо маҳфуз аст..Design & by Jamoliddin Jum^a

Ҷустуҷӯ