Бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 дар гури «D» байни ду клуби Тоҷикистон - «Истиқлол» ва «Хуҷанд» бидуни тамошобин баргузор мешавад.
Бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон тавсия додааст, ки коҳиши чорабиниҳои оммавӣ дар кишвар бо сабаби хатари паҳншавии коронавирус руи даст гирифта шавад.
Бино би гузоришхо, Федератсияи Футболи Точикистон тавсияи вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Точикитсонро ҷонибдорӣ карда, тасмим гирифтааст, ки бозии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 дар Тоҷикистон бидуни тамошобин баргузор шавад.
Мухлисони футбол имкон пайдо мекунанд, ки бозии миёни Истиқлол ва Хуҷандро тавассути шабакаҳои телевизионии Варзиш ва Футбол мустақиман тамошо кунанд.
Вохӯрии даври оғози марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 байни ду дастаи Точикистон Истиқлол ва Хуҷанд рӯзи чоршанбе, 11 март, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, огози бозии футрло соати соати 18:00 ба вакти махалли гуфта мешавад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти пешаки, дастаи доварони Тоҷикистон ба бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 дар чорякфиналии дар гурухи «G» байни дастахои «Керес Негрос»-и Филиппин ва «Вали Юнайтед»-и Индонезия таъинот гирифтанд. Ин вохӯрӣ, ки 11 март дар Манила баргузор мешавад.