Айни замон, як намуди қаллобӣ, ки бевосита бобати муҳоҷирон аст, равнақ ёфтааст. Дар сомонаҳои иҷтимои эълонҳои кумаки ворид шудан ба марзи Россия давр мезанад. Асосан дар ин эълонҳо рақамҳои мессенҷер –паёмакрасонҳои маъруф гузошта мешавад. Барои омода сохтани ҳуҷҷатҳои тиббӣ қаллобон 50 ҳазор рубл талаб мекунанд. Маблағҳоро тариқи Киви-кошелок ва ё корти Киви мегиранд, ки танҳо ба як рақами телефон пайваст мебошад. Ҳоло намунаи чунин қаллобиро мебинед. Агар ба доми чунин нафарон фароед, дар ҳолати аз ҳама муваффақ, танҳо ба маблағатон месӯзед, вагарна дар фурудгоҳи Россия дармондан низ эҳтимол дорад.
Бори дигар хотирасон менамоем, ки ин нафарон метавонанд ба Россия сафар кунанд:
1) Онҳое, ки иҷозатномаи истиқомати (ВНЖ) АМАЛКУНАНДА дар Россияро доранд, ё ин ки соҳиби гувоҳномаи АМАЛКУНАНДАИ иштирокчии барномаи бозгашти ихтиёрии ҳамватанон ба Россия ҳастанд.
2) Онҳое, ки волидайнашон, фарзандонашон ва ё ҳамсарашон шаҳрвандии Россияро доранд.
3) Онҳое, ки бояд дар муддати наздиктарин табобати статсионариро дар Россия гиранд, аммо ТАНҲО дар он ҳолатҳое, ки ПЕШТАР дар Россия табобат гирифтаанд, ё ки касалиашон дар дигар ҷой, ба ғайр аз Россия, сиҳат карда намешавад (онҳое, ки аз клиникаҳои шахсӣ даъватнома барои гузаронидани таҳқиқ ё табобати гастрити сабук харидаанд дар сарҳад БОЗ ПАС ГАРДОНИДА МЕШАВАНД).
4) Онҳое, ки мутахассис барои хизматрасонии таҷҳизоти воридотӣ мебошанд ва барои хизматрасонӣ ба он ДАР МУВОФИҚА БО ҲУКУМАТИ РОССИЯ даъват шудаанд.