Тоҷикистон ният дорад ба Италия 11 миллион ниқобҳои тиббӣ аз коронавирус фиристонад.
Ин гуна тавофуқ дар доираи шартномаи ҳамкории корхонаи "Ҷавонӣ"-и Хуҷанд бо ташкилотҳои итолиявӣ ба даст омадааст. Бино ба гуфти намояндаи вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Абдурауф Пӯлодов имрӯзҳо коргоҳи "Ҷавонӣ" дар як рӯз то 20-25 ҳазор ниқобҳои тиббӣ истеҳсол карда истодааст.