Аз 1 март дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон маҳдудияти барқ ҷорӣ карда шудааст.
Бино ба иттилои дарёфтӣ аз Ширкати давлатии саҳҳомии холдингии «Барқи Тоҷик» маҳдудияти додани қувваи барқ вобаста ба корҳои омодагӣ барои ба истифода додани чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” буда, боло бурдани сатҳи оби обанбори неругоҳи мазкур идома дорад. Дар назар аст, ки аз санаи 7 март таъмини аҳолии Тоҷикистон бо қувваи барқ 24 соат ба роҳ монда шавад.
Ёдрас мешавем, ки чархаи аввали Неругоҳи барқи обии “Роғун” санаи 16 ноябр ба кор андохта шуда, чархаи дуюми онро интизор аст дар моҳи апрел ба истифода диҳанд.