Тибқи гуфтаҳои роҳбари Вазорати сохтмони Россия Ирек Файзуллин дар айни замон Федератсияи Россия ба 1 миллиону 200 ҳазор муҳоҷири бинокор эҳтиёҷ дорад.
- Мо бояд ҳадди аққал як миллиону 200 ҳазор нафари дигарро дар сохтмонҳо ҷуброн кунем. Мутаассифона, мо натавонистем ин ҷойҳои кориро аз ҳисоби коргарони дохилӣ пур намоем, - гуфтааст роҳбари Вазорати сохтмон.
Ёдовар мешавем, ки айни ҳол, ширкатҳои сохтумонии Россия муҳоҷирони меҳнатиро тибқи дархосту иҷозати махсуси мақомоти ин кишвар талаб менамояд.