Чанде пеш, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Каримҷон Ёров дар бораи пайдо намудани модари ҷавони тоҷик хабар дода буд.
“Пагоҳ бародаре ба дидори модараш иншааллоҳ мерасад, ки аз ду солагиаш надидааст.Ҳозир ин бародар 24 сола ҳасту соҳиби зану фарзанд. Модараш ҳомиладор будааст, ки аз Тоҷикистон ба Россия баргаштааст ва ин бародар хоҳар ҳам дорад. Дар натиҷаи кофтуков модарашро пайдо кардем, аз хоҳараш дарак надоштем ҳатто”, - навишта буд ӯ дар Фейсбук.
Шаби дирӯз, ин ҷавон-Ризоев Рустам Гулмуродович бо хатсайри Душанбе –Внуково ба Москва парида омад. Каримҷон Ёров бо модараш ба пешвози ӯ ба фурудгоҳ рафта буданд, аммо мақомоти салоҳиятдори Россия ба Рустам Ризоев иҷозат надоданд, ки сарҳадро убур намуда, бо модараш вохӯрад. Аз рӯи санаде, ки ба ӯ мақомот додаанд, маълум мешавад, ки вуруди ин шаҳрванди Тоҷикистонро ба Россия то соли 2047 манъ будааст.