Сафорати Россия дар Тоҷикистон иттилоъ дод, ки як гурӯҳ мутахассисони Роспотребнадзор аз Хадамоти федералии назорати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳифзи иҷтимоии инсон ба Тоҷикистон омаданд. Дар иттилоъ омадааст, ки ҳайати Институти таҳқиқотии зидди вабои Россия - тобеи Роспотребнадзор ба Тоҷикистон омадааст, то “ҳамкориҳоро байни Роспотребнадзор ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими некӯаҳволии санитарию эпидемии аҳолӣ, роҳандозӣ намояд».
Аммо бархе аз коршиносон дар он ақидаанд, ки ин гурӯҳи мутахассисони Роспотребнадзор аслан барои арзёбии вазъи коронавирус дар Тоҷикистон ба Душанбе омаданд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан, комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия дар Маскав ба мувофиқа расида буданд, ки гурӯҳи коршиносони Россия барои арзёбии вазъи эпидемиологии ин кишвар ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Ҷониби Тоҷикистон аз Россия ба кушодани марзҳо ва барқарор кардани парвозҳои мунтазам байни ду кишвар даъват карда буду Россия изҳор дошт, ки бояд сараввал вазъи эпидемиологии Тоҷикистонро арзёбӣ кунад.