Кормандони шуъбаи сарҳадии ФСБ-и вилояти Новосибирск фаъолияти афродеро, ки ташкили вуруди ғайриқонуниро ба қаламрави Федератсияи Россия ба роҳ монда буданд, ошкор ва қатъ карданд.
Маркази матбуоти хадамоти махсус иттилоъ дода, ки фаъолияти зану шавҳареро, ки дар маркази ин вилоят зиндагӣ мекунанд, зери шубҳа қарор дод.
Дар натиҷа маълум шуд, ки ду сокини Новосибирск ба хориҷиён дар бораи бемор буданашону зарурати табобат дар муассисаҳои тиббии Россия доштанашон санадҳои қалбакӣ фурӯхтаанд. Дар асоси ин санадҳои қалбакӣ муҳоҷирон кӯшиши ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлатиии Федератсияи Россияро кардаанд.
Дар ҷои истиқомати вайронкорони эҳтимолӣ, яъне зану шавҳар як ноутбук бо нусхаҳои электронии шаҳодатномаҳои қалбакӣ, корти бонкие, ки барои фармоиш пул барои интиқол пешбинӣ шудааст ва дигар воситаҳои фаъолияти ғайриқонунӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Аз рӯи ин далел бар асоси моддаи "Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба айбдоршавандагон то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.