Дар Санкт-Петербург ташхиси ройгони тиббии фарзандони муҳоҷирон ба роҳ монда шуд. Ин лоиҳа аз ҷониби фонди хайриявии “Амали Башардустона” якҷоя бо “Дармонгоҳи хайриявӣ” ва инчунин маркази табобати чашми “Визион” ташкил шудааст.
Муҳоҷирон аз чунин намуди хизматрасониҳо метавонанд истифода намоянд:
- Педиатр (машваратҳо оид ба масъалаҳои солимии
кӯдакон);
-Табиби чашм (машварат оид ба бемориҳои узви
биноӣ, таъин кардани айнак ва додани айнак дар
ҳолати мавҷуд будан, руйхат ба ҷарроҳӣ, муайян
кардани ҷараёни табобат);
-Дерматолог (машварат оид ба бемориҳои пӯст);
- Духтури ЛОР (машварат дар бораи бемориҳои гӯш,
гулӯ, бинӣ);
Ин маркази тиббӣ дар суроғаи хиёбони Каменноостровский, хонаи 63 ҷойгир аст.