Ҷавонони тоҷик Фаррух Умаров ва Зариф Ниёзов аз тарафи Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Россия қадрдонӣ шуданд. Ин зодагони Тоҷикистон дар хомӯш намудани сӯхтору наҷоти сокинони бинои оташгирифта кумак намуда буданд.
Аввали моҳи декабри соли гузашта дар натичаи таркиши газ дар як бинои истиқоматии шаҳри Всеволжски наздикиҳои Петербург сӯхтор сар зада буд. Зариф ва Фаррух, ки дар бинои паҳлӯи дигари роҳ зиндагӣ мекарданд, дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Онҳо ҳамроҳи дигар сокинони ин бинои оташгирифта одамонро аз коми оташ мебароранду ба хомӯш намудани сӯхтор мепардозанд.
Ёдовар мешавем, ки чунин амалҳои ҷавонони тоҷик дар Россия зуд – зуд ба амал меоянду аммо аз ин кирдорҳои нек дар расонаҳои маҳаллӣ садое пайдо намешавад.