Дар Думаи Давлатии Россия ба муҳокимаи лоиҳаи қонуни нав пардохтанд. Ин қонун шаҳрвандони хориҷиро, ки бе раводид ба Россия ворид мешаванд, муаззаф менамояд, то аз муоинаи тиббӣ гузашта, изи ангуштони худро дар қайд гузоранд.
Аммо ин қонун танҳо нафаронеро муаззаф менамояд, ки дар як сол дар маҷмуъ зиёда аз 90 рӯз дар қаламрави Россия будубош дошта бошанд. Ин амал, ба уҳдаи ташкилотҳои тобеи Вазорати корҳои дохилии Россия инчунин як созмони аз ҷониби Маскав ваколатдоршуда гузошта мешавад.
Маъюбон, нафарони корношоям, синнашон ба 18 нарасида ва ё занони синнашон аз 60 ва мардони аз 65 боло аз ин расмият озод карда мешаванд.
Қайд менамоем, ки пардохти ин расмият аз ҳисоби худи шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ шудааст.